ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Ҷ.Балхӣ:  

Ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон -1 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешавад.

Кӯдакон сарвати муҳимтарин, ояндаи неки имрӯзу фардои миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат аст. Иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар рӯҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд.

Ба ин муносибат рӯзи 29 майи соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии болозикр меҳмонон аз намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои дастии муасссисаҳои томактабии ноҳия дидан намуда, ба фаъолияташон баҳои баланд доданд.

Дар чорабинӣ инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо, раисону кормандони ҷамоатҳо, директорҳои муассисаҳои таълимӣ, мудирон ва мураббиягони муассисаҳои томактабӣ, хонандагон ва тарбиятгирандагони фаъол иштирок доштанд.

Зимни баромадаш раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон иди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ ва саодати ҳамешагиро таманно намуданд.

Ба ғолибони озмунҳо ифтихорнома ва мукофотпулӣ тақдим карда шуд.

Аз ҷониби шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ ба мураббияҳои пешқадам ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Сипас барномаи фарҳангӣ аз ҷониби таълимгирандагони мактаби санъати бачагонаи ноҳия баҳри болидарӯҳии тамошобинон пешниҳод гардид.