ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИ- ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷ.Балхӣ: Вокуниш  

 Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, ки ин терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш -таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағири соҳти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они ҳуд кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Дар ҳар давру замон гурӯҳҳое вуҷуд доштан ва то ҳол доранд, ки бо мақсадҳои нохалафи ҳуд ба оромишу осудагии давлатҳо халал мерасонанд. Тоҷикистон низ аз зумраи ҷунин давлатҳо, дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гуё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористи ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яне нуфӯзу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд. Ва ягона қувае, ки чунин гурӯҳҳо истифода мебаранд, ин ҳам бошад ҷавонон, яне ҷавононе, ки дониши нокифоя вa фаҳмиши сусти сиёс доранд ба доми ҷунин гурӯҳҳо меафтанд. Бисёр тааьсуфовараст, ки шумораи чунин ҷавонони фирефта аз давлати мо низ кам нестанд. Аз вазъи имрӯзаи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар бархурдор нестанд. Ҳол он, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳар вохуриашон бо ҷавонон таъкид менамоянд, ки “Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд". Воқеан, ҳифзи манфиатҳои миллӣ на он борест, ки ба души дигарон гузорем. Ин масъулиятест, ки аз ҳар яки мо соҳибватанон, хоса ҷавонони бо нангу номус ва худшиносии миллиро тақозо мекунад. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Муовини раиси Кумитаи иҷроия дар  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Х.Мусоев