НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАНД

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бахшида ба рӯзҳои ҷашн, табақаи ниёзманди ҷомеа пайвата зери таваҷҷуҳи Кумитаи иҷроия дар ноҳия қарор доранд. Бахшида ба Иди Саиди Фитр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо ҷалби вакилони ҳизбӣ ва фаъолон табақаи ниёзманди ҷомеа айёдат карда шуда, ба онҳо кӯмакҳои молиявӣ ва моддӣ расонида мешавад. Дар ин навбат оилаи ниёзманд аз Ҷамоатҳои деҳоти Ҳалевард дар ноҳия  айёдат  карда  шуд.