РОҒУН–ИНШООТИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар бузургтарин иншооти тақдирсози миллат НБО «Роғун» бо маром идома ёфта истодааст. Воқеан ҳам, НБО-и «Роғун» иншооти бузурги энергетикӣ буда, барои имрӯзу ояндаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти муҳимми стратегӣ дорад. Тамоми мардуми кишвар сохтмони НБО «Роғун»-ро самимона дастгирӣ намуда, онро иншооти тақдирсози миллат меҳисобанд. Дар натиҷаи бо суръат рушд ёфтани НБО-и «Роғун» даҳҳо корхонаҳои нав бунёд мегардад, корхонаҳои нави саноатӣ бо маром фаъолият намуда, ҷойҳои нави корӣ пайдо мешавад. Бо мақсади коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва ҷалби сокинони ноҳия ба НБО-и «Роғун» тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 17 апрели соли 2023 дар назди ҶДММ бозори “Баҳор”-и ноҳия дар якҷояги бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор гардид. Дар ярмакаи мазкур масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуда, ба сокинон оид ба ҷойҳои кории холи дар НБО-и «Роғун», шароитҳои кору маош маслиҳатҳои муфид доданд.