ХОНИШИ СИЁСӢ-ТАРБИЯТГАРИ НАСЛИ НАВРАС

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ хониши сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар МТМУ№24-и ноҳия бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадорон миёни наврасон ва ҷавонон хониши сиёсӣ дар мавзуҳои зерин: “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, “Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гузаронида шуд.