РӮЗИ ЁДОВАРӢ ЯКЕ АЗ ТАШАББУСҲОИ ДОИМИИ ҲХДТ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳ зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” тибқи нақша дар Ҷамоати шаҳраки Балх маҳалаи “1 - май” гузаронида шуд. Дар амалиёти мазкур сокинони деҳа номбурда, имомхатиб, раиси маҳалла, кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷавонон фаъолона иштирок намуданд. Инчунин, дар ин амалиёт иштирокдорон дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр намуда, дохили оромгоҳро аз партовҳо ва хасу хошокҳо тоза намуда, бехҳои дарахтонро нарм карданд.