ПАЁМ-РОҲ БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН...

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Воқеан Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.  

23 – юми декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро, ки фарогири самтҳои асосии соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар  мебошад, ба Маҷлиси Олӣ ироа  намуданд. Дар Паём ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол ҳам мисли солҳои пешин бисёр пурмуҳтаво буд ва дар он муайян гардид, ки минбаъд барои мардум чӣ корҳоро бояд кард ва мардум ҳам бояд барои ободии Ватан чӣ корҳоро  бояд  анҷом диҳанд.
Аз ҳама муҳимтарин масъалае, ки дар  Паём баён гардид, ин ҷиҳати инсонгароӣ, яъне рӯзгору саломатии инсон, рушди маданияту фарҳангии миллат ва илму маориф мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки аз Паём то Паём дар ҳаёти ҷомеаи мо дигаргуниҳои куллӣ рўйи кор меоянд  ва дар асоси он ҷомеаи мо рушду  такомул  меёбад.

Мардуми сарбаланду меҳнатқарини тоҷик аз Паём умеду ниятҳои бузурги рушд, пешрафт ва ободонии Тоҷикистони маҳбубро доранд.
Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ доир ба ҷараёни корҳои  созандагию ободонии мамлакат, амалигардонии нақшаву стратегияҳо, барномаҳо ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баландбардории сатҳи зиндагии мардум ва дар вазъи хеле мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор доштани инсоният таъкид гардид.
Таъсироти манфии бархӯрдҳои геополитикӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, оқибатҳои гарму сардшавии иқлими Сайёра ба иқтисоди ҷаҳон  ҳастем.
Мутаассифона, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи нави «ҷанги сард» низ  дубора  шиддат ёфта истодааст, ки низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳоро пурра халалдор кардааст. Ин омилҳои манфии ҷаҳони муосир ба кишвари мо бетаъсир набуда, барои рушди босуботи мамлакат монеаҳо  эҷод мекунанд ва дар чунин вазъи мураккаб моро  водор месозанд, ки ҳар чӣ бештар аз  пештара дида, сиёсати хирадмандонаи  меҳанпарастона, миллатдӯстонаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда,  муттаҳид гардем ва баҳри пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми босазои худро гузорем.
Миллати тоҷик таҳти роҳбарии сарвари дурандеш Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати сиёсати хориҷии пешгирифтаи ӯ на танҳо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи муносиби худро пайдо намуд, балки инчунин ҳамчун давлати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалӣ вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф шуд. Мисоли он дастгирӣ ва эътироф шудани панҷ иқдоми ташаббускоронаи Пешвои миллат дар масъалаи об аз тарафи СММ мебошад ва мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон имрӯз дар байни давлатҳои абарқудрат обрӯю нуфузи хоссаро дорост. Инчунин моҳи декабри худи ҳамин сол дар маҷмаи умумии Созмони милали Муттаҳид ташаббуси Пешвои миллат дастгирӣ ёфт ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» якдилона қабул гардид.
Соли 2025  соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуда, вобаста ба ин мавзуъ СММ фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис дод.

Ин ҳама  боиси сарфарозӣ ва ифтихори мо – тоҷикон аст, ки ин иқдомҳои кишвари мо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия ва умуман фаъолияти кормандони соҳаи маориф Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, илм соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.
Чунин дастгириҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат боиси баланд шудани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа мегардад, зеро дар Паём оварда шудааст, ки: Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омўзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузаштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа  ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
Таъкид гардид, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Ҳамаи сармоягузорӣ ва хароҷотҳои буҷетӣ дар соҳаи маориф ва илм ба хотири рушди нерӯи инсонӣ равона карда мешаванд. Ташаккули фард ва инсон аз фаъолияти пурсамари соҳаи  маориф вобастагии ногусастанӣ дорад.
Ин аст, ки кормандони соҳаи маориф бояд маҳорати касбӣ ва малакаю кордонии худро тақвият дода, барои пешрафти соҳа пайваста кӯшишҳои нав ба навро ба харҷ диҳанд. Тамоми заҳмату талошҳои мо бояд барои фардои нек, рушди давлати соҳибихтиёр ва Ватани аҷдодӣ равона  шавад.

Маликова Тахмина- мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.