ТАШАБУСҲОИ ҲХДТ АМАЛӢ МЕГАРДАНД!

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани ҳолати роҳҳо ва шоҳроҳҳои дохили ноҳия корҳои сохтмонию ободонӣ ва таъмири роҳҳоро дар доираи аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» амалӣ намуда истодаанд.

Бо ташаббуси узви Кумитаи иҷроия, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло ва дастгирии аъзоёни фаъоли ҳизб барои нигоҳубин ва ба тартиб овардану асфалтпӯш намудани роҳҳои дохили маҳаллаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти Навоии ноҳия Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!» баргузор намуда, даромадгоҳи маҳаллаи Иттифоқи ноҳияро дар масофаи 1 км асфалтпӯш намуданд.