САНГФАРШКУНӢ ДАР РОҲҲОИ МАҲАЛ.

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қизилбайрақ”-и Ҷамоати деҳоти Маданият  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” доир гардид.

Корҳои ободониву созандагӣ ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент таъмини зиндагии шоиста ба сокинон роҳандозӣ гардида. бо ҷалби аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қизилбайрақ” дар сатҳи хуб ташкил ва гузаронида шуд.