ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ БА ИСТИҚБОЛИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашн гирифтани Рӯзи Президент ҷиҳати ободу зебо гардонидани ноҳия, тозаву озода нигоҳ доштан ва сабзу хуррамгардонии он корҳои ободониву сабзкорӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҳалевард, деҳаи “А.Дӯстов” бо маром ҷараён гирифта истодаанд. Дар ин рӯз кӯчаву роҳравҳо аз тарафи аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ пурра аз партовҳо тоза карда шуданд.