АМАЛИШАВИИ ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ "МАКТАБИ МАН"

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, шанбеи охири ҳар моҳ Амалиёти ҳизбии "Мактаби ман" баргузор карда мешавад. Ин ташаббус ба хотири дастгирии соҳаи маориф, муассисаҳои таълимӣ баргузор карда мешавад.

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, имрӯз дар МТМУ№37-и ноҳия Амалиёти ҳизбии "Мактаби ман" баргузор карда шуд. Дар ин чорабинии ҳизбӣ хатмкардагони собиқи муассисаҳои таълимӣ, фаъолон ва шахсони саховатпеша ҷалб гардида дар таъмиру азнавсозии мактаб саҳми худро мегузоранд. Ин ташаббус аз тарафи сокинон ҷонибдорӣ гардида ин навбат хатмкардагон ва падару модарон дар таъмири ҷории мактабҳо ва таъмини онҳо бо мизу курсӣ ёрии амалии худро расониданд.