АКСИЯИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР АМАЛ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ”, эҳтиром гузоштан ба рӯҳи гузаштагон ва инчунин тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо аксияи ҳизбии «Рӯзи ёдоварӣ»-ро дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ, деҳаи Фрунзе ташкил намуданд.

Дар аксияи болозикр сокинони деҳаи Фрунзе иштирок намуда, гирду атрофи оромгоҳро аз алафҳои бегонаву худрӯй тоза карда, хасу хошокҳоро ҷамъоварӣ намуданд.