ҲИФЗИ ВАТАН ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯК ҶАВОНИ БОНАНГУ НОМУС АСТ!

Ҷ.Балхӣ:  

Санаи 06-уми октябри соли 2022 дар асоси нақшаи баргузории силсилаи мулоқоту вохўриҳо дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва хониши сиёсӣ доир ба мавзуъҳои "Ҳифзи Ватан қарзи шаҳрвандии мост!", "Ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ", "Пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ", "Баланд бардоштани маданияти шаҳрдории ҷавонону наврасон" ва "Ҳифзи манфиатҳои миллӣ"  бо кормандони Гимназияи  №1-и  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд. Дар вохӯрии мазкур Алиев Зафар- мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  КИ ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохўрӣ оид ба нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар барқарорсозии давлатдории миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, бегонапарастӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва маданияти шаҳрдорӣ ибрози назар карда шуда, ҳамзамон, оид ба дастгириҳои давлатии ҷавонон суханронӣ карда шуд.