ВОХУРӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

Ҷ.Балхӣ:  

Санаи 06-уми сентябри соли равон дар майдончаи МТМУ№37 вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Ҳадаф аз ташкилу баргузории вохӯрии мазкур баланд бардоштани савияи дониш ва сатҳи маърифати ҳуқуқии хонандагон дар самти пешгирии экстремизму терроризм арзёбӣ карда шуд. Дар вохӯрӣ дар мавзӯи “Пешгирии ҷавонон аз экстремизм ва терроризм” суханронӣ гардид. Атрофи масъалаҳои матраҳгардида бо иштирокчиён суҳбати ошкору самимӣ ва суолу ҷавоб сурат гирифта, моҳияту муҳтавои мавзуъҳо ба таври амиқу фаҳмо муҳокима шуданд.