ЗАБОН НИШОНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист. Аз ин рӯ, он ҳамеша ба ғамхориву пуштибонии давлат эҳтиёҷ дорад. Маҳз бузургиву  матонати забон аст, ки имрӯз мо аз фарҳанги оламгири худ мефахрем ва бузургдошти адибони барҷастаро, ки бо осори пурғановати хеш дунёро ба тасхир овардаанд, ҷашн мегирем.​​​​​​​

Басо фараҳбахш аст, ки 5-уми октябр шаҳрвандони Тоҷикистон дар сарнавишти худ боз як муҳимтарин рӯйдоди таърихӣ, яъне Рӯзи забони давлатиро, ки ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ дохил гардидааст, бо руҳияи баланди ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ватандорӣ, забондонию забондорӣ, худшиносию худогоҳӣ дар муҳити созандаву бунёдкорӣ ва фазои озоди демократӣ қайд карданд.

Таҷлили ин санаи таърихӣ, ҷашни миллию давлатӣ барои мо- ҷавонон ва толибилмону ояндасозони миллату давлат аҳамияти басо муҳим дорад. Зеро мо- ҷавонон ояндаи худро бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дурахшон мебинем ва дарк менамоем, ки ояндаи мо ба фарҳанги забондонию ватандорӣ вобастагии комил дошта, аз забон ва фарҳанги миллии модариамон сарчашма мегирад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон санаи 4-уми октябри соли 2019 ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуда буданд: “Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст”.

Дар ҳақиқат, забони модарии мо  дар тӯли таърих  монеаҳои бузургеро паси сар намуда, ҳазорсолаҳо донишу маърифати андӯхтаи олимону мутафаккирон, шоиру нависандагони  миллатро барои мо дар худ нигоҳ доштааст.

Агар ба таърих ва Қонуни забони тоҷикӣ назар афканем, 33 сол қабл, яъне 22-уми июли соли 1989 Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон қабул гардида буд. Баъдан ин сана, яъне рӯзи забон, аз 22 июл ба 5 октябр тағйир дода шуд.

Донистани забони давлатӣ, ки забони модарии мо маҳсуб меёбад, барои мо, ҷавонон вазифаи бузургеро мегузорад, ки бо ифтихор аз фарҳанги баланди миллӣ ва соҳибзабону соҳибдавлат будан ба монанди бузургону гузаштагонамон онро аз ҳама олудагиҳо эмин нигоҳ дорем.

Бо ифтихору садоқат ба забони модарӣ мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан дар ҷодаи хизмат ба хотири ҳифз ва рушди забони давлатӣ барору комёбиҳо орзумандам.

Нозанин Шодиева, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ