ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Ҷ.Балхӣ:  

Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад. Тавре ки Президенти маҳбуби кишвар, Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китобашон “Забони миллат – ҳастии миллат” таъкид кардаанд: “Арҷ гузоштан ба забони модарӣ омилест, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ дар масири таърих бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст.” Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи забони давлатӣ байни хонандагони МТМУ №23-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ таҳти унвони ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТгузаронида шуд. Дар вохури масъулин оид ба эҳтиром нисбат ба забони давлатӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, аз худ намудани забони модарӣ ибрози андеша намуд. Дар вохури хонандагон доир ба мавзуи эҳтиром ва пойдории забони давлатӣ шеърҳо қироат намуданд.