АЪЗО ШУДАН БА САФИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТ ВА ОДОБУ АХЛОҚИ ҲАМИДАРО ТАЛАБ МЕСОЗАД.

Балҷувон:  

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар миёни дигар ҳизбҳои сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муваффақу дастболо мебошад.

Зеро роҳбарии ин Ҳизби созандаву бунёдкорро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари менамояд, ки пайравони мактаби хирадмандонаву сулҳпарваронаи Роҳбари ташаббускору навовар рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст.

Ин гуфтаҳоро дар аъзошавии ҷавонони саодатманду сарбаланди диёри зебоманзари ноҳияи Балҷувон пай бурдан мумкин аст.

Маҳз дар арафаи Рӯзи иди “Омӯзгорон” Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон Зоирзода М. О. ба аъзоҳои нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Чорбоғи МТМУ №2 ҷамоати Сафар Амиршоеви ноҳия шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим намуд.

 

Зимни тақдим намудани шаҳодатномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон ба аъзоҳои нав, онҳо иброз доштанд, ки дар баробари рисолати касбии омӯзгории хеш зери партавафшонии ливои созандаву бунёдкорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳама корҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, саҳми хешро дар пешрафт ва ободии Тоҷикистони азизамон мегузорем.