САФАРБАР  НАМУДАНИ  САРБОЗОНИ ИХТИЁРӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Балҷувон:  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Балҷувон ва ҳамкори бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия миёни  сокинон оид ба сафарбаркунии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста корҳои таблиғотиву ташвиқотиро ба роҳ мононда, дар замири онҳо ҳисси меҳанпарастиву ватандӯстиро бедор намуданд, ки  самараи нек  ба бор оварда сафи ҷавонони ихтиёрӣ зиёд гардида истодааст.

Ҷиҳати сафарбар намудани ҷавонписарони синни даъватӣ дар маркази ноҳия дар боғи Парчам  чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар ин ҷорабинии тантанавӣ Раиси ноҳия муҳтарам Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ узви Кумитаи  иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон, Зоирзода Маърифат Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, муовини раиси ноҳияи Балҷувон  Раҳмонзода  Аҳлиддин, комиссарияти  ҳарбии  ноҳия  Боймирзозода О, мудири бахши фарҳангӣ ноҳия Талбзода Азизулло, мудири бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Балҷувон Аҳрор Сангов ва дигар роҳбарони муассисаву ташкилотҳо иштирок намуданд.

Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ масъулини ноҳия суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки; “Яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди он Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлату миллат  наметавонад бидуни он истиқлолияти  комил, оромиву осудагӣ ва устувории ваҳдату ҳамбастагии  худро таъмин намояд. Аз ин рӯ ҷавонони кишвар бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, меҳанпарастиву худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлат ва  расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ , ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар фарзанди бонангу бономуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз мебошад. Хизмат ба Ватан - Модар қарзи инсониву  шаҳрвандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу бономус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат далерӣ  ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишони камолоти инсонии ҳар як ҷавони ғаюру шуҷоӣ кишварамон аст”.