ЗАБОНИ МАН - ҶАҲОНИ МАН!

Балҷувон:  

Забони модарӣ чун шири модар,

Забони Рӯдакии нек номвар.

Ҳама пандаш барои мо азиз аст,

Равонаст шеъри нобаш мисли ховар.

Забони модариям чун ҷаҳонӣ,

Забонии Айнии ширин баёнӣ.

Худо додаст туро бар мулки тоҷик,

Забони шакарин аз лутфи Лоиқ.

Забони модарӣ дилбанду ҷонам,

Забони модарӣ хуни равонам.

Туро чун каъбаву дил мепарастам,

Забони Бӯалӣ дар ҷисму ҷонам.

Забони модарӣ ҳастии миллат,

Забони модарӣ пайванди миллат.

Бисозем мо нисор меҳру муҳаббат,

Ба алфози ширин аз баҳри миллат.