"МАКТАБИ МАН”

Балҷувон:  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон  дар асоси амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон дар ноҳияи Балҷувон бо иштироки Раиси ноҳияи Балҷувон муҳтарам Сафарзода Б. Ғ узви Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон Зоирзода М. директори МТМУ №4 ноҳия  Ғуломов М.  бо  хатмкунандагони солҳои 2011- 2012 дар муассисаи таълимии  номбурда, шиносои ва суҳбати дӯстона ташкил намуда, аз ҷониби директори муассиса ва роҳбари синф вазъи ҳозираи  мактаб ва ниёзҳои моддию техникии он ба хатмкунандагон муарифи карда шуд.

Дар интиҳо иштирокчиён ҷиҳати саҳмгузори намудан барои бартараф намудани ниёзҳои мактаб мувофиқи имконият  13000 сомонӣ  ба нақша гирифта, аз ин миқдор маблағ  алакай бо харҷӣ  7000 сомонӣ таҷҳизот ба муассисаи таълимӣ ворид карданд.