БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Балҷувон:  

Тибқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Балҷувон  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Зардолудашт Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.  Зимни баргузории маҷлис  4- масъала барраси карда шуд

  •  Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

  • Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидои ҳизби барои нимсолаи дуюми соли 2022;

  • Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

  • Интихоби вакилон ба Конференсияи ноҳиявӣ;

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда раиси ташкилоти ибтидоӣ доир намуда  ба масъалаи дуюми рӯзнома оиди тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022  бо назардошти тағиру иловаҳо ба нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои нимсолаи дуюм шинос намуда, тасдиқ карда шуд.

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома интихоби раис ва раёсати ташкилоти ибтидоии ҲХДТдар ташкилоти ибтидоии Зардолудашт бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТдар деҳаи  Залдолудашт  интихоб карда шуд.   Инчунин аз руйи масъалаи чоруми рӯзнома интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон қайд намуд, ки мутобиқи Қарори маҷлиси кумиҷроияи ноҳиявӣ 1 нафар вакил ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон  пешниҳод карда шуд.