Бахшида ба 25-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ

Балҷувон: Андеша  

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо  дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.

Сулҳу – оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ буданро таҷассум менамояд.

Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон баровардан, ҳамдигарфаҳму  поктинату  миллатдӯст будан. Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти  инсон,  орзуву  армон,  таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон,  ҳастии  инсон  дар  замину осумон аст. Ваҳдати миллӣ аст, ки имрӯз  ҳамдилии  халқи  тоҷик  мавриди омӯзиши Созмони Миллали Мутаҳид  ва  бисёр ташкилотҳои  олам  гардтдааст.  Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафтаи маънавиёти кашвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлолияти кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукумфармот, он давлат рӯз то рӯз гул-гул   мешукуфад,  иқтисодиёташ  тадриҷан  меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати  фарҳангӣ  пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешваи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Раиси  муаззами  ҲХДТ Президенти   кишвар Эмомалӣ  Раҳмон миллати парешонгашта сарҷамъ омад, мамлакат  обод  шуд,  пеш  рафту  гул-гул  шукуфт  ва  имрӯз  дар  чеҳраи  ҳар як фарзанди  тоҷик  нишоти  хурсандист, ваҳдату сулҳ пайдор аст. Ҳулоса, чун як фарзанди бонангу  баномус  ва  барои миллат бо сулҳу ваҳдати  кишвари  азизам  имрӯз  меболам  ва ифтихоран метавонам гӯям. Пряи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор  ба ҳадди бузург мустаҳакам  гашта, зеро онро  фарзанди бузурги  ин сарзамин устувори бахшида  такиягоҳ  аст.

 

Абдуллоева Насиба- Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот дар

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон