МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ИДОМА ДОРАНД.

Балҷувон:  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон, маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома доранд.

Чунин маҷлис дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти "Тубхона" баргузор гардид, ки дар рафти маҷлис кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон иштирок намуд.

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти "Тубхона" оид ба фаъолияти ташкилот ҳисобот дод.

Номбурда қайд намуд, ки сокинони Тубхона, бо шукргузорӣ аз ватани орому ободи хеш кор ва фаъолият карда, дар ҳама корҳои фарҳангию сиёсии ноҳия фаъолона иштирок мекунанд.

Тибқи муқаррарот раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардида вакилон низ ба Конфренсияи ҳизбии ноҳиявӣ пешниҳод гардиданд.

Доир ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар поёни маҷлис Саидов И дар назди ҳозирин баромад карда, оид ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бобати самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, захира кардани ғалладонагиҳо барои ду сол, мубориза бурдан ва вокуниш нишон додан бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ дар шабакаҳои интернетӣ суҳбат намуд.