СОЛИ 2024 “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”

Балҷувон: Созандагони ватан  

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо таваҷҷуҳ ба тақвият бахшидани фаъолияти соҳаву сохторҳои марбутаи ҳифзи ҳуқуқ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳамзамон, тақвият бахшидани фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ баҳри иҷрои вазифаҳои дар соли ҷорӣ, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём изҳор доштанд, “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем”.