БАРГУЗОРИИ  СУҲБАТУ  ВОХӮРИҲО ОИД  БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН.

Балҷувон:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Маорифчиён”-и ноҳияи Балҷувон, суҳбату вохӯриҳо оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар партави Паёми Пешвои муаззами миллат баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Б.Ғ, прокурори ноҳия Ҳамдамзода А. ва  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Зоирзода М.О иштирок ва суханрони намуданд.

Зимни баромади хеш иброз намуданд, ки соли 2024 тибқи Паёми Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли маърифати ҳуқуқӣ эътироф гардид, ки мақсади асосии он ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дуруст ва пурра дарк намудани талаботи қонунгузорӣ, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо дар байни аҳолӣ ба шумор меравад. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки фарҳанги ҳуқуқии хешро сайқал дода, даст ба қоидаву қонуншиканиҳо назанем, зеро рушди давлатдории ҳар як миллату давлат, бахусус рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар ин аз низоми устувории ҳуқуқии кишвар ва маърифати баланди шаҳрвандони он вобастагӣ дорад.

Яке аз ҳадафҳои асосии паёми мазкур ин баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардуми кишвар ва дар ин замина кам намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мебошад. Вобаста ба ин Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки барномаи давлатиро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум андешида, чораҳои заруриро вобаста ба некуаҳволии мардум андешад. Таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар ин ҳадафи олии давлат мебошад, ки меҳвари асосии Паёми Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медод.

 Ҳар яки моро зарур меояд, ки фаъолияти кории худро дар заминаи Паёми пешвои миллат ба роҳ монда, ҳар як банд ва дастуру супоришҳои онро сармашқи кории худ қарор диҳем ва дар амалигардонии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар нақшгузор бошем.