Атласу адраси Тоҷикистон ба мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шуданд.

Балҷувон:  

Номинаи мустақими Тоҷикистон "Анъанаи бофтани атласу адрас" ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримодии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид.

Чунин тасмим дар чаҳорчӯби кори иҷлосияи 18-уми Кумитаи байналмилалии мероси ғайримоддии ЮНЕСКО, ки рӯзи 4 декабр дар шаҳри Касане (Ҷумҳурии Ботсвана) ба кор шурӯъ кард, гирифта шудааст.

Дар Тоҷикистон ба фарҳанги миллии либоспӯшӣ хеле эҳтиром доранд. Асрори бофандагони тоҷик аз насл ба насл мегузарад. Раванди таълими устодон аз се то панҷ моҳ тӯл мекашад.

Атласи абрешимӣ ва адрас дар тамоми ҷаҳон талаботи калон дорад. Истеҳсоли он бошад, малакаи махсусро талаб мекунад.

Чун анъана дар Тоҷикистон либосҳои миллӣ барои намоишномаҳо ва ҳамчунин либосҳои арӯсон аз атлас дӯхта мешаванд.

Илова бар ин, дар Тоҷикистон ҳамасола иди "Атлас ва адраси тоҷикӣ" таҷлил мегардад.