ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ФАЗОИ ТАҲДИДОФАРИ ДОРАД ВА АЗ ИН АМАЛҲО БОЯД ҲУШЁР БУД.

Балҷувон: Созандагони ватан  

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ бо пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд.

Афсӯс, ҳастанд нафароне, ки амалҳои онҳоро шоиста пиндошта, кушта шудан дар “ин ҷанги муқаддас”-ро барои худ шаҳид шудан меҳисобанд. Пас, суоле ба миён меояд. Магар куштани шахсони бегуноҳ, беобрӯ кардани занону модарон, одамфурӯши савоб аст? Ин паноҳи ислом ва ё дифои он нест, ин амалҳо таҷовуз ва  исломфурушист. Ҷомеае, ки афкори солим доранд, зидди амалу кирдорҳои террористианд, ақидаҳои хурофатпарастонаву амалҳои ғайриинсонии онҳоро маҳкум месозанд.

Дар ҳақиқат, имрӯзҳо терроризм таҳдид ба амнияти давлатҳои ҷаҳонро дорад. Аз ин кишвари мо низ бурун аз қатор монда наметавонад. Маҳз ҳамин лиҳоз аст, ки Президенти мамлакат, Пешвои муаззами  миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳо, вохӯриҳо, ироаи Паёмҳо махсусан, қайд менамоянд, ки ҷавонон ҳушёрию зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Ба фитнаю фиреби бадхоҳон фирефта нагарданд. Ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро шомил нашаванд. Дар яке аз Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ Президенти кишвар чунин ёд карда буд: “Терроризм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитари ниинсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст”.