ДАЛЕРИЮ ЗИРАКИРО ҲАМЕША ДУМБОЛАГИР БОШЕД!

Балҷувон: Созандагони ватан  

Бетарафӣ дар ростои таъмини амнияти миллӣ хиёнат ба миллату давлат ҳисобида мешавад. Дунёи муосир чунин шакл гирифтааст, ки андак саҳв ва хатои кӯчаке метавонад, назми ҷомеаро ба ҳам занад, амнияти миллиро зери хатари ҷиддӣ қарор диҳад ва дар охир кишвареро ба гирдоби ҷангҳои мусаллаҳона партоб намояд.

Вобаста ба соҳаҳои мухталифи ҳаёт амният низ соҳаҳои мухталифи ҳаёт низ соҳавӣ мешавад. Таҳдид ба яке аз ин соҳаҳои амният таҳдид ба системаи амнияти миллии як кишвар ҳисобода мешавад. Эҷоди халал дар яке аз ин шохаҳо системаи таъмини амниятро заиф ва нотавон мегардонад. Аз ин рӯ, тақвияти системаи худмуҳофизатии кишвар ва эҷоди фазои устувору солими боварибахш баҳри таҳкими амнияти миллӣ кори ҳамешагии ҷомеа, давлат ва афроди саршиноси миллат маҳсуб меёбад.