СӮҲБАТ ВА КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

Балҷувон:  

Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ бо усули "Хона ба хона” дар кӯчаву маҳаллаҳо ва деҳаҳои ҷамоатҳои ноҳия баргузор карда шуда истодааст. Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон дар ҳамбастаги бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  дар кӯчаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои  деҳоти ноҳия бо мардум вохӯриву суҳбатҳо анҷом доданд. Ҳадаф аз вохӯрӣ огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум, мушкилоти иҷтимоӣ, кӯмак ба оилаҳои ниёзманд, пешгирии  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҷҳои Мусаллаҳ , истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва бунёдкориву  сабзкорӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим", ки аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат зимни вохурӣ бо фаъолон ва намояндагони ходимони дини кишвар маншаъ мегирад, ба шумор меравад.