ТЕРРОРИЗМ ХАТАРАФЗО БА ОРОМИИ ҶОМЕА.

Балҷувон: Вокуниш  

 

Хатари ақидаи ифротӣ барои ҷомеаи Тоҷикистони на камтар аз хатари бомбаи худтарканда аст. Экстримизм ё хамон ифротгарои тарзи тафаккур ва ҷахонбинии хосест, ки амалҳои интихорию террористи дар он аз ҷиҳати назаряви "асоснок" шудаанд. Ба таври сода гуем, экстремизм тавлидкунанда ва модари терроризм аст.

Яъне экстремизм чашма аст ва терроризм ҷуест, ки аз он равон аст. Бинобар ин агар мо хоҳем, хатари терроризмро рафъ намоем, бояд бо экстремизм муборизаи беамон барем. Роҳҳо ва усулҳои хушконидани чашмаро кор карда бароем. Чашма, ки хушк гардид ҷӯй ба тарики табии мехушкад. Мо бояд аз моҷароҳои хунини кишварҳои ховар миёна бардошт ва ибрате барои худ гирифта бошем.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро дида чунин гуфтанием, ки Шумо фирефтаи ақидаву ҳаракатҳои беандешонаи гурӯҳе, ки манфиати хоссаи худро дошта барои онҳо ҳисси ватандорию меҳанпарастӣ, муқаддассоти миллӣ ягон арзише надорад нагардед. Зеро мардуми бофарҳанги овозадор дар таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастовардҳои назарраси созандагиву бунёдкорӣ, арҷгузорӣ ба ватани аҷдодӣ, маданият ва санъати волои худ мақоми худро дорад.

Пас биёед якҷоя аз як гиребон сар бароварда, хишти дӯстиву рафоқатро болои ҳам монда бо муттаҳидӣ бар зидди ҳамагуна нотавонбинҳо мубориза барем. Воқеан ҳам мардуми тоҷик зери сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мафҳуми сулҳу осоиштагиро дуруст дарк намуда, хандаи беғаши кӯдакон, хоби бароҳати модарон ва тинҷиву оромии кишварро ба ҳеҷ чиз иваз намекунанд. Ҳимояи ин неъмати бузург, яъне амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо ва наслҳои оянда вазифаи муқаддас мебошад. Бигзор дар Тоҷикистони азизи мо доимо сулҳ пойдор бошад.

 

Хоҷаева Умеда-аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и ноҳияи Балҷувон.