БАҲРИ ОБОДИИ ДИЁР ЯКҶО САҲМ МЕГУЗОРЕМ.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Роҳандозии аксияи ҳизбӣ зери шиори “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати деҳоти Балҷувон” доир гардида, дар амалишавии ташаббусҳои ҳизбӣ аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб  дар деҳаву маҳаллаҳо саҳмгузоранд.

Ҳамин аст, ки бо фаро расидани фасли баҳору зебоӣ аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон баҳри тозаву озода намудани гирду атрофи ноҳия, гулгашту хиёбонҳо ва кӯчаву маҳаллаҳо ҳашарҳои дастаҷамъона намуда, саҳми бориз дар ободии ноҳия гузошта истодаанд.

Роҳравҳои асосии обҳо, ҷуйбору (латокҳо) тозаву озода гардида, баҳри кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии гирду атрофи ҷуйборҳо тадбирҳои нек аз тарафи масъулин роҳандози гардида шудааст.