БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ - АСОСИ БУНЁДИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ

Балҷувон: Андеша  

Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва таъсиррасони равандҳои ҷомеа заминаи муносибатҳои ҳуқуқиро роҳандозӣ ва инкишоф дода, дар табодулу инкишофи маърифати инсонӣ саҳми бесобиқа дорад. Он аз маҷмӯи меъёрҳо, институтҳои ҳуқуқӣ ва равандҳои гуногун иборат мебошад, ки вазифаи муайяннамоии мавқеи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии инсонҳоро дар ҷомеа мушаххас иҷро менамояд. Маърифати ҳуқуқӣ аз намудҳои дигари маърифат ба куллӣ фарқият дорад, зеро он ба ин васила маҷмӯи хоси ҷузъи моддӣ ва маънавиро ташкил менамояд. Пажуҳишҳо собит намудаанд, ки маърифати ҳуқуқӣ сатҳи таърихан муайяншудаи инкишофи ҷомеа буда, қувваи эҷодӣ ва лаёқати инсон, муносибати байниҳамдигарии бошандагони ҷомеаро дар арзишҳои моддӣ ва маънавии эҷодшуда ифода менамояд. Яъне ҳамчунин, қисми таркибии маданияти маънавӣ ҳисоб рафта, аз низоми донишҳо, муайянияти арзишӣ, ҳиссиёти равонӣ дар заминаи эътирофу эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин дорои малака ва тавоноӣ мавриди амалисозӣ ва ҳимоя дар муносибатҳо роҳандозӣ мегардад. Маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва амалияи хуқуқии инсон зоҳир меёбад. Пас аз ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ”, ки аз ҷониби Роҳбари давлат соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид, он аз 30 декабри соли 2023 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024” таҳти №668 ба тасвиб расонида шуд. Дар тавзеҳоти фармони мазкур мақсад ва вазифаҳои асосӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар муайян карда шудааст. Дар тавзеҳот чунин қайд карда мешавад: «Мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад». Барои бунёди воқеии ҷомеаи демократӣ зарур ин аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ, ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои хешро хело хуб дар сатҳи зарурӣ донем. Аз он самаранок ва пурмаҳсул истифода намоем. Қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро баҳри зиндагии сазовор дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоем. Дар ин замина нақши Конститутсия дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ басо муҳим ва асосӣ маҳсуб меёбад. Аз ҳама муҳим барои баҳодиҳии маърифати ҳуқуқӣ низоми қонунгузорӣ асос маҳсуб ёфта, он ҳамчун ядро ба инкишофи фаъолияти ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар субъектҳои ҳуқуқ заминагузор аст. Мусаллам аст, ки мавриди инкишофи ҷомеа маҳз қонунҳо ба воситаи роҳандозӣ ва низоми мушаххасу муайян равандҳоро дар заминаи муносибати ҳуқуқии бошандагон ва муносибатро дар ҷомеа ба низом медароранд. Фарҳанги ҳуқуқи инсонӣ дар равандҳои ҷомеа инкишофи фаъолияти ҳуқуқӣ мебошад. Аз ин хотир, унсури дигари фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа сатҳи ташаккули тамоми низоми санадҳои ҳуқуқӣ, яъне матнҳои ҳуҷҷатҳо ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо ҳуқуқу вазифаҳои бошандагони ҷомеа ҳамаҷониба ва мушаххасан иброз гардидаанд. Мушкилотҳои ҷомеа дар аксари ҳолатҳо ислоҳотҳои татбиқшавандаро тақозо менамоянд. Дар натиҷаи ислоҳотҳои татбиқшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва минбаъд баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун омили муҳими барпо намудани давлати демократию ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ эътироф гардидааст ва эълон намудани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” низ идомаи ҳамин чорабиниҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар мебошад. Маърифати баланди ҳуқуқӣ - асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти системаи ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсири фаъоле дорад. Аз ҷумла, ба муттаҳидсозии шаҳрвандон, ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ҷомеа дастгириҳо эҳдо намуда, тартиботро дар он нигоҳ медорад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Гузариш ба муносибатҳои иқтисодии бозаргонӣ, ташаккулёбии арзишҳои демократӣ, ташкил намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, гузаронидани ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ ва тарғиб намудани ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд талаб менамоянд, ки дар бобати беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои мушаххас андешида шуда, барномаи ягонаи умумидавлатии таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шавад.

МИРЗОЕВ Шоҳрух - аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и ноҳияи Балҷувон.