НОМИ НЕК ҲАМЕША ВИРДИ ЗАБОНҲОСТ!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

АЛИЕВ Саидназар аз зумраи он ҷавонмардони накуест, ки дар партави сиёсати инсондӯстонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дасти хайру баракот дароз намуда, дар арафи Иди Саиди Фитр хотири онҳоро шод намуд, ки ин амали неки ҷавонмардона пайваста вирди забонҳо боқӣ хоҳад монд.

Имрӯзҳо кам нестанд он нафароне, ки ҳамчун аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб дар амалигардонии ин ҳадафҳои нек саҳми муносиб мегузоранд.

Зимни тақдими туҳфаҳои идона Раиси ноҳияи Балҷувон муҳтарам Сафарзода Б. Ғ, муовини раиси ноҳия Ҳақназарзода Б ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон иштирок ва суханрони намуданд.