НЕКБАХТ ОН КАСЕ, КИ ДОДУ БИХӮРД...

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
  • Накутарин фард он аст, ки дар дунё аз худ чизе ва ё номи неке боқӣ гузорад.  Дар мазҳари волои инсонӣ қадршиносиву меҳру муҳаббат ва эҳтирому адаб аз лутфу карами худовандист, ки имрӯзҳо дар партави сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсони саховатпешаву накукор дасти ниёзмандону барҷомондагонро гирифта, хотири онҳоро шод месозанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқоте ки бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баргузор гардид, бо як нерӯи тавоно ва диди наву тоза рӯ ба осори безаволи “Маснавӣ” оварда, таъкид сохтанд, ки маҳз дӯстдории осори Мавлоно дар он аст, ки вай гӯё он ҳама панду андарзҳои баланди инсониро барои ҳамин шабу рӯз гуфта бошад. Мавлоно натанҳо чун таҷассуми Зоти иллоҳӣ, балки ҳамчун эҳсоси баланди инсонӣ, ки ахлоқ ва тинати ботинии инсонро пок мекунад, тараннум кардааст.

  • Дасти бенавоеро гирифтан, сари ятимеро сила намудан ва хайру сахо кардан ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа арҷаш ба зиёрати хонаи худо баробар аст, ки мазҳаби инсонгароии ҳанафи низ талқингари ин гуфтаҳост. Дар арафаи Иди Саиди Фитр туҳфаҳои идона аз тарафи шахсони накукору хайрхоҳ ба дасти ин табақаи ниёзманди ҷомеа  расонида шуд, ки дар амалисозии ин ҳадафи волои инсонгарӣ, намояндагони Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон иштирок намуданд.