30-СОЛИ САРСАБЗИВУ ХУРРАМӢ ЗЕРИ ШИОРИ “ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аъзоён, фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон дар амалишавии ташаббусҳои ҳизбӣ саҳми муносиб гузошта, ҷараёни корҳои сарсабзу хуррамгардони дар ҳама ташкилотҳои ибтидоӣ бо маром идома дорад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва тадбиқи аксияи “ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор” дар ноҳияи Балҷувон, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва сарсабзу хуррамгардони  вусъати тоза тошта, ҳар як фарди худшиносу худогоҳ дар ободии диёр саҳми муносиб мегузоранд.  Аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулрез” дар ободии ноҳия саҳми арзандаву шоиста гузошта, масъулияти хешро иҷро намуда истодаанд.

Мо рисолати аҷдодии хешро, ки то ба имрӯз дар масири бунёдкориву созандагӣ ва сарсабзу хуррамгадони мақому манзалати хос доранд, идома дода, кушиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат дар пешрафт ва ободии меҳани аҷдодӣ саҳмгузор бошем.