ТЕРРОРИСТ ДИН, МАЗҲАБ ВА МИЛЛАТ НАДОРАД.

Балҷувон: Андеша  

Яке аз масъалаҳои меҳвариро дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаро мегирад. Тавре Пешвои муаззами миллат махсус иброз намуданд, ки: “Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд”.

Дар воқеъ, солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ бо пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд.

Афсӯс, ҳастанд нафароне, ки амалҳои онҳоро шоиста пиндошта, кушта шудан дар “ин ҷанги муқаддас”-ро барои худ шаҳид шудан меҳисобанд. Пас, суоле ба миён меояд. Магар куштани шахсони бегуноҳ, беобрӯ кардани занону модарон, одамфурӯши савоб аст? Ин паноҳи ислом ва ё дифои он нест, ин амалҳо таҷовуз ва  исломфурушист. Ҷомеае, ки афкори солим доранд, зидди амалу кирдорҳои террористианд, ақидаҳои хурофатпарастонаву амалҳои ғайриинсонии онҳоро маҳкум месозанд.

Дар ҳақиқат, имрӯзҳо терроризм таҳдид ба амнияти давлатҳои ҷаҳонро дорад. Аз ин кишвари мо низ бурун аз қатор монда наметавонад. Маҳз ҳамин лиҳоз аст, ки Президенти мамлакат, Пешвои муаззами  миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳо, вохӯриҳо, ироаи Паёмҳо махсусан, қайд менамоянд, ки ҷавонон ҳушёрию зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Ба фитнаю фиреби бадхоҳон фирефта нагарданд. Ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро шомил нашаванд. Дар яке аз Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ Президенти кишвар чунин ёд карда буд: “Терроризм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитари ниинсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст”.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон