ДАСТИ КУМАК БА НИЁЗМАНДОН АЗ ТАРАФИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “РАЁСАТИ МОЛИЯ”-И НОҲИЯИ БАЛҶУВОН.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маҳз мактаби инсондӯстонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо нафарони зиёде аз худ ташаббуси ҷавонмардиву накукори нишон дода, дар арафаи иди Наврӯзи аҷам, ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ аёдати шахсони ниёзмандро ба ҷо оварда, руҳияи болида ва идонае ба ин қишри ҷомеа мебахшанд. Дар сиёсати имрӯзаи Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа дар мади аввал қарор дорад.

Холзода Азиз-раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати молия”и ноҳияи Балҷувон, чунин як иқдоми неку савобро пеша гирифта, бо аъзоён ва фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии  болозикр аёдати оилаҳои ниёзмандро анҷом доданд.

Ин ғамхориву таваҷҷуҳи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати молия”-и ноҳияи Балҷувон,  дар партави сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат гувоҳи аз он медиҳад, ки ҳамчун ҷавони саодатманд  ва пайрави асили Пешвои муззами миллат баҳри ободию, пешравӣ ва ғамхорию накукорӣ нисбат ба халқу миллат саҳми бориз мегузорад.