НАВРӮЗ- РАМЗИ МУҲАББАТУ ҶОВИДОНАГӢ ВА ҶАШНИ ҚАДИМАИ НИЁГОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Балҷувон: Андеша  

 Наврӯз — ҷашни Соли Нави мардумони эронинажод аст, ки ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ (1-уми фарвардин ё ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ) фаро мерасад. Аз ин рӯ, Наврӯзро «Ҷашни сари сол» низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.

Бояд гуфт ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Таърихи Табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё ин Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар Шоҳномаи Фирдавсӣ, ба ин гуна ривоят шуда аст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи зарин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд.

Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Абулқосим Фирдавсӣ

Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форс мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои "рӯзи нав" ва "тоза", "рӯзи нахустин", аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Дар ин маврид Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст»

Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Бар тибқи ин ривоётҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълом кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишиён низ баргузор мешудааст. Замони Дорои якум, маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Албатта дар сангнабиштаҳои баҷомонда аз даврони Ҳахоманишиҳо, ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нашудааст, аммо баррасиҳо бар рӯи ин сангнавиштаҳо нишон медиҳад, ки мардум дар даврони онҳо бо ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бо шукӯҳи бузурге ҷашн мегирифтаанд. Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккае аз ҷинси тилло зарб намуд, ки дар як сӯи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар баъзе ривоёт, аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз номбар шуда аст.

Холзода АЗИЗ- раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати молия”-и ноҳияи Балҷувон.