ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ИҒВОАНЕЗИ ҶОМЕА МЕБОШАНД!

Балҷувон: Вокуниш  

Сулҳу субот, оромӣ, ваҳдату истиқлолият неъмати бебаҳои даврон аст, ки дар фазои якдиливу ҳамбастагӣ осуда умр бурдан лаззати умри хуши ҳар як фард аст.

Кӯдакон сулҳу суботро дар хандаи беғаши худ мебинанд ва ин ҳам дарки амиқеро мемонад, ки фазои сулҳу ваҳдат оромиву осудагӣ бо хандаи кӯдакон зебост.

Овози тиру туфанг худ аз ҳама бадтарин садову овоз аст, ки дар куҷое садо диҳад пеш аз ҳама кабутарони сулҳу ваҳдат ошиёни хешро тарк месозанд.

Қотеъона маҳкум намудани ҳар як амали ношоистаи гурӯҳҳои ифротӣ бояд шиор, вазифа, мақсад ва мароми мо бошад. Зеро кӯдакон бояд аз хатари чунин гурӯҳҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ эмин бошанд.

Ҳаракатҳои ноҷо ва номатлуби чунин гурӯҳҳо дар замири насли наврас метавонад, ҳисси бадбинӣ ва нафратро зиёд гардонад.

Пас, баҳри ҳаёти осоишта ва ҷовидонагии кудакон, ки чун кабутарони шодиву нишоти умри инсонанд, бояд якдилона устувор бошем ва нагузорем ҳеҷ як нохалафе ин орзуву умед ва ханадаи шоди онҳоро рабояд.