СИЁСАТИ ОБОДКОРОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ САҲМГУЗОРИИ ҲАР ФАРД ДАР ОБОДИИ ДИЁР АСТ!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маҳз сиёсати бунёдкоронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамчун мактаби созандаву бунёдкор дар замири кас нумуи олии ҷавонмардиву меҳандӯстиро таҷассум месозад.

Дар партави сиёсати ободкоронаи Роҳбарияти Олии мамлакат, саҳми Роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода Н.М дар сарсабзу хуррамгардонии ноҳияи Балҷувон назаррас мебошад.

Бо кумак ва дастгирии Роҳбари гурӯҳи корӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҳамоҳангии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон барои сарсабзу хуррамгардонӣ тадбирҳои саривақти андешида, бо роҳандозии ҳашарҳои дастаҷамъона ва аксияҳои ниҳолшинонӣ саҳми хешро гузошта истодаанд.

Ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ, ки аз тарафи Роҳбари гурӯҳӣ корӣ ба ноҳия оварда шудааст, ба ҷамоатҳои деҳоти ноҳия тақсим гардида, ҷараёни кабудизоркунӣ ва сарсабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои ноҳияи Балҷувон бо маром идома дорад.