РОҲАНДОЗИИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҷитӣ” дар ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви  ноҳияи Балҷувон ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинони баргузор гардид, ки дар он роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҷитӣ” Абдуқаҳоров Ҳусейншоҳ дар якҷоягӣ бо омӯзгорон ва дастпарварони муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.

Яке аз бандҳои Консепсияи миллии тарбия ин “Тарбияи экологӣ” ба шумор меравад, ки метавонад дар ҳисси масъулияти ҳар як хонанда таъсиргузор бошад ва хонандагонро дар роҳи дӯст доштани табиат ва меҳан роҳнамуд созад.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр, зери партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат кӯшиш менамоянд, ки насли наврасро аз хӯрди дар ҷодаи илму дониш, дӯстдории табиат, ватан, модар тарбият намоянд.