АМАЛИШАВИИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зери сиёсати хирадмандонаву ободкоронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сар то сари Тоҷикистони азизамон пайваста короҳои ободониву хуррамагардони вусъат бахшида, ҷараёни корҳои ободони бо маром идома дорад.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулрез”-и ноҳияи Балҷувон ҳашари дастаҷамъона  баргузор гардид, ки масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур, баҳри тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва сарсабзу хуррамгардонидани атрофи биноҳои корӣ, гулгашту хиёбонҳо, кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ саҳми шоиста гузошта истодаанд.