ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ-ВАСИЛАИ ПЕШГИРИИ ҲАМАГУНА ХАВФУ ХАТАР ВА САҲМГУЗОРИ ДАР ОБОДИИ ДИЁР

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо мо дар шароити то рафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳонӣ, густариш ва пайдо кардани зуҳуротҳои ниҳоят хатарноки асри нав-терроризму экстремизм қарор дорем, ки ин падидаҳои номатлуб яке аз омилҳои хавфнок ва проблемаҳои глобалии ҷомеа ба ҳисоб рафта, аз мо ҳизбиёни вилояти Хатлон тақозо карда мешавад, ки ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ҳизбӣ, ки асосҳои ҳаёти доранд афзалияти бештар дода, муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизм бояд вазифа ва қарзӣ шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон гардонида, мо, ҳизбиён к ӯшиш ба харҷ диҳем, ки ин сарзамини биҳиштосоро аз ҳар гуна хатарҳои ҷаҳони муосир муҳофизат намоему дар бунёдкориву созандагӣ ҳиссагузор бошем.

Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи барномаҳои ҳизбӣ, амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон миёни аъзоёнӣ ҳизб, сокинони деҳаю маҳалла суҳбату вох ӯриҳои судманд доир гардонида, мардумро ба роҳи созандагию бунёдкори даъват менамояд, ки ин ҳам яке аз ҳадафҳои созандаи ҲХДТ мебошад.