ҲХДТ-ҲИЗБИ ТАШАББУСКОР ВА СОЗАНДА

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеаи демократии кишвар бо татбиқи мақсадҳои худ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, инчунин ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободии мамлакат ба ҳидоят намудани мардум саҳми муносиб дорад. Мақсаду мароми ҳизб мақсаду мароми мардум буда, баҳри ҳимояи манфиатҳои мардум пайваста кўшиш менамояд. Самтҳои стратегии сиёсати давлат, ки дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зикр ёфтаанд, барои таҳкими суботи иқтисодиву и ҷтимоӣ ислоҳоти амиқу пайгирона амалӣ мешаванд.      

Бо ифтихор гуфта метавонам, ки дар раванди бунёдкориву созандагиҳои мамлакат саҳми аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бал ҷувон низ назаррас мебошанд. Имрўзҳо аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб дар пешрафти тамоми соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъолона иштирок намуда, барои ба пуррагӣ расидан ба ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама ҷониба талош ва саҳми муносиб гузошта истодаанд.