СОАТИ СИЁСӢ ОМИЛИ АРҶГУЗОРИ БА ФАРҲАНГУ ТАМАДДУН

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад.

Ҳамин аст, ки дар давраи таътилӣ тобистона хонандагон дар назди лагерҳои мактабӣ ба омӯзиш ва мутолиаи китобҳои бадеӣ машғул мегарданд, ки ин аз як ҷиҳат истифода ва самаранок бурдани вақт бошад, аз паҳлуи дигар омода шудани хонандагон ба озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” “Тоҷикон дар оинаи таърих” “Илм фурӯғи маърифат” мебошад.