МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Балҷувон: Ҳисобот  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон оид ба баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  ҳамарӯза маҷлисҳои ҳисоботӣ доир гардида истодааст.

Тибқи ҷадвали мазкур дар ташкилоти ибтидоии "Балҷувон 2" маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  Нуров Х.С баргузор гардид.

Нахуст раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Баҳодурова Ҷ.А оид ба фаъолияти нимсолаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баромад намуд.

Сипас оиди масъали дуюми рӯзномаи маҷлис намояндаи Кумтаи иҷроия ба сухан баромада, оиди ҷоннок намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.