ВАҲДАТ КАФИЛИ ОБОДӢ ВА САРСАБЗИИ ДОМОНИ МЕҲАН.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ваҳдат таранумгари тамоми  дастовардҳои миллӣ, пешравӣ, ободӣ, хуррамӣ, сарбаландӣ, иттифоқӣ ва осудагӣ буда, роҳест созандагиву бунёдкорӣ ва ободиву сарсабзист, ки аз заҳмати ҳар як фарди худшиносу меҳандӯст сарчашма гирифта, ба умқи муроди озодиву пешрави роҳсипор хоҳад шуд, ки самараи неки худро ба бор оварда, шаҳди шаккаринаш имрӯзҳо комҳоро ширин қалбҳоро таскин мебахшад.

Бо мақсади ҳисси баландӣ миллӣ ваҳдату ягонагӣ дар роҳрави марказии ноҳияи Балҷувон деҳаи Мулоконӣ ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид, ки ин гувоҳи аз арҷгузори ба муқаддасоти миллӣ, Ваҳдат ва иттифоқиву сарҷамъӣ дарак медиҳад.