ҲИЗБИ  ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН  ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ВА ТАШАББУСКОРИ ҶОМЕА.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар замоне дар фазои сиёсии кишвар зуҳур кард, ки ҷомеаи мо нором ва дучори бӯрҳони сиёсӣ ва иқтисодӣ буд. Албата, он айём ба боварии мардум сазовор гаштан ва ҷомеаро аз паси худ бурдан кори осон набуд, чунки мардум аз он найрангу буҳтонҳои  ноодилонаи замон ва бозиҳо хаста шуда, дигар ба онҳо бовар надоштанд.

Дар ин давраи тақдирсоз неруе лозим буд, ки қувваҳои ақлонии Ватанро мутаҳид созад, сулҳу салоҳ, истиқлолияти миллӣ ва давлатиро дифоъ, якпорчагии кишварро таъмину мардумро ба меҳнати софдилона ва бунёдкорона даъват намояд.

Дар чунин давраи душвори ба сари миллати тоҷик омада бо таклифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 1994  ҳизбе  бо  номи  Ҳизби Халқии Тоҷикистон  ташкил карда шуд, ки баъдан номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро  гирифт.

Зеро, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон  маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди  мардумӣ  ба арсаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии  шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, расидан ба Ваҳдати миллӣ саҳми сазовор гузоштааст.

Маҳз заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо аҳли ҷомеа такия ба ҲХДТ пешоҳанги ҷомеа намуда, баҳри амалишавии ташаббусҳои ҳизбӣ саҳми назарас мегузоранд.