30-СОЛИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ЗЕРИ ЛИВОИ САРСАБЗИВУ ХУРРАМИИ ҲХДТ.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар сатҳи баланд  таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва иҷрои дастуру супоришҳо ҳар як аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон баҳри амали гардидани ҳадафҳои созандаи ҳизб масъулияти баланд нишон дода, сароғоз аз моҳи июн тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вазифадор гардиданд,  ки  баҳри ҷоннок намудани корҳо дар ин самт тадбирҳои некро роҳандози намоянд.

Ҳамарӯза ҳашарҳо ва аксяҳои ҳизбӣ дар якҷоягӣ бо аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб дар ҷамоатҳои деҳоти  ноҳия гузаронида мешавад.

Ташкилоти ибтидоии “Парасту” ва “Гулрез” дар ноҳияи Балҷувон дар амалишавии ташаббусҳои ҳизбӣ иштирок намуда, баҳри тамошои сокинону меҳмонон гирду атрофи фавораҳои гулгаштро тозаву озода намуда, саҳми херо дар ободии яке аз гӯшаҳои диёр гузошта истодаанд.