ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ВА МАСЪУЛИЯТПАЗИРИИ ҲАР ЯК АЪЗОИ ҲИЗБ

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсозон”  дар ноҳияи Балҷувон  пешбарандаи асосии ташаббусҳои ҳизбӣ дар амал мебошад. Пайваста баҳри таъмину бунёди роҳҳои наву замонавӣ масъулияти баланд нишон дода, чун пайравони асили мактаби созандаву бунёдкор ва ташаббускору навовар Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии диёр талош меваразанд.

Бо дастгириҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар, баҳри сазовор таҷлил намудан аз  ҷашни бузурги миллӣ яъне  35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ноҳия бо маром идома дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон низ, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти  Олии мамлакат  пайваста чораҳои зарурӣ андешида, корҳои созандагиву бунёдкориро бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпешаву ватандӯст дар ин самт ҷонок менамоянд.